Рӯҳонӣ: Эрон зарбаи сиёсӣ ба БарҶомро таҳаммул намекунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i55025-Рӯҳонӣ_Эрон_зарбаи_сиёсӣ_ба_БарҶомро_таҳаммул_намекунад
Раисҷумҳури Эрон таъкид кард, агар амрикоиҳо бихоҳанд зарбаи сиёсӣ ба БарҶом бизананд, ҷумҳурии исломӣ таҳаммул нахоҳад кард ва иқдоми қотеъ анҷом медиҳад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 01, 2020 16:50 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон зарбаи сиёсӣ ба БарҶомро таҳаммул намекунад

Раисҷумҳури Эрон таъкид кард, агар амрикоиҳо бихоҳанд зарбаи сиёсӣ ба БарҶом бизананд, ҷумҳурии исломӣ таҳаммул нахоҳад кард ва иқдоми қотеъ анҷом медиҳад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат бо ишора ба гузашти сеюним сол аз замони истиқрори давлати ҷадиди Амрико дар Кохи Сафед гуфт: Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тӯли ин муддат бо беқонунӣ, аъмоли зиддиқонун ва зиддиҳуқуқи башарии Вашингтон алайҳи Теҳрон рӯ ба рӯ будааст.

Рӯҳонӣ афзуд, агарчӣ амрикоиҳо мумкин аст дар муҳосиботашон бигӯянд, ки дар бахши иқтисодӣ муваффақиятҳое ба даст оварданд, аммо қатъан аз лиҳози сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ амрикоиҳо дар тӯли сеюним соли ахир борҳо ва борҳо бо шикаст мувоҷеҳ шуданд.

Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба шикастҳои сиёсии амрикоиҳо дар ҳафтаҳои ахир гуфт, то имрӯз ҳамаи кишварҳои узви Шӯрои амният ба наҳве мухолифи пешнависи қатъномаи Амрико алайҳи Эрон ҳастанд ва амрикоиҳо муваффақияте барои заминасозӣ дар Шӯрои амният ва дар афкори умумии ҷаҳон ба даст наёварданд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин ҳимояти қотеи 14 узви Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз БарҶом ва Қатъномаи 2231-ро дар ҷаласаи дирӯзи ин шӯро, намоише аз шикасти муҷаддади сиёсии Амрико дар баробари Ҷумҳурии Исломии Эрон донист ва таъкид кард, Теҳрон ҳар рӯз ва соате, ки тарафҳои муқобил ҳозир шаванд ва ба тамоми тааҳҳудоти барҷомии худ амал кунанд, билофосила ба таври комил ба тааҳҳудоти худ дар БарҶом бозмегардад.