Оғози сафарҳои ҳавоӣ миёни Буҷнурд - Ишқобод
(last modified Thu, 02 Jul 2020 12:50:52 GMT )
Июл 02, 2020 17:50 Asia/Dushanbe
  • Оғози сафарҳои ҳавоӣ миёни Буҷнурд - Ишқобод

Туркманистон аз роҳандозии парвози мустақими Ишқобод, пойтахти ин кишвар ба Буҷнурд дар шимоли шарқи Эрон хабар дод.

Ба гузориши Форс, ба нақл аз сайти давлатии Туркманистон, ин парвоз қарор аст дар чорчӯби тавофуқномаи байни мақомоти Туркманистон  ва Эрон, ки дар соли 2019 ба имзо расид, роҳандозӣ шавад.

Ҳадафи аслии роҳандозии ин парвоз, тавсиаи гардишгарӣ дар минтақа аст ва масъулияти анҷоми парвозҳоро ширкати эронии "Эрон - Эйр" бар ӯҳда хоҳад гиифт.

Устони Хуросони шимолӣ ва Туркманистон дорои марзҳои муштарак аст ва ҷозибаҳои гардишгарии шаҳри Буҷнурд барои шаҳрвандони туркман бисёр ҷаззоб аст.