Июл 02, 2020 21:25 Asia/Dushanbe

Дар остонаи солрӯзи мелоди наводаи гаронқадри Расули худо (с) ва пешвои бузурги мусалмонони ҷаҳон - ҳазрати Имом Ризо (а) саросари Эрони исломӣ якпорча нуру шодмонӣ аст.

Ҳама ҷойи Эрон бӯи уду гулоб ва атри разавӣ медиҳад ва шамими дилнавози мелоди ҳаштумин писар аз насли хуршеди муҳаммадӣ машоми аҳли имонро саршор кардааст.

 бистусевуми тир, баробар бо ёздаҳуми зилқаъда солрӯзи мелоди мубораки олими оли Муҳаммад (с), ҳазрати имом Ризо (а) аст, ки эрониён ба ҳузури нуронии ҳарамаш дар сарзамини хеш, бар замину осмон фахр мекунанд.

Ба ҳамин муносибат боргоҳи нуронии имом Ризо (а) дар шаҳри Машҳади муқаддас чароғонӣ ва лабрез аз ҳузури иродатмандони хонадони рисолат аст, ки аз гӯша - гӯшаи Эрон ва саросари дунё омадаанд то дар ин шабу рӯзи фархунда, дар саҳну сарои он имоми бузургвор меҳмон шаванд.

Ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо Ризо (а) дар ёздаҳуми зилқаъдаи соли 148 ҳиҷрии қамарӣ дар Мадинаи мунаввара дида ба ҷаҳон кушуд.

Номи мубораки эшон Алӣ ва машҳуртарин лақаби эшон “Ризо” ба маънои хушнуд аст.

Эшон дар миёни аҳли замонаи худ донишмандтарин мардумон буданд, ба наҳве, ки ба “олими оли Муҳаммад (с)” маъруф шуданд.

Имом Ризо (а) дар Мадина пас аз шаҳодати падараш имом Мӯсои Козим (а), ҳидояти мардумро барои 20 сол бар ӯҳда гирифт, ки аз ин даврон 17 соли он дар Мадина ва се соли охири он дар Хуросон гузашт.

Сайт ва радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати имом Ризо (а)-ро ба ҳама дӯстдорони аҳли байти паёмбар ва ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.