Июл 04, 2020 11:50 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи сафири Эрон ва муовини вазири энергетикаи Русия

Дар дидори сафири Эрон ва муовини вазири энергетикаи Русия муқаррар шуд, 16-умин даври комиссияи муштараки ду кишвар дар сентябри соли ҷорӣ, ба сурати ҳузурӣ ва ё маҷозӣ баргузор шавад.

Ба нақл аз Форс, Анатолий Тихонов, муовини вазири энергетика ва дабири руси коммиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Эрон ва Русия, дар маҳалли сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Маскав бо Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар ин мулоқот наҳваи баргузории 16-умин даври комиссияи муштараки ду кишвар, дар сентябри соли ҷорӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт ва қарор шуд ин иҷлос дар мавъиди муқаррар, ба сурати ҳузурӣ  ва ё маҷозӣ баргузор шавад.