Ибрози ҳамдардии Эрон бо Жопон дар пайи ҷорӣ шудани сел
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи сел ва рониши замин дар Жопон бо давлат ва мардуми ин кишвар ва хонаводаҳои мусибатзада ибрози ҳамдардӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидаббоси Мусавӣ рӯзи душанбе дар паёме аз вуқуи сел ва рониши замин дар Жопон, ки даҳҳо кушта ва гумшуда ва хисоратҳои моддии фаровон бар ҷой гузошт, ибрози таассуф кард.
Бар асари бориши шадиди борон, селоб ва рониши замин рӯзи шанбе дар ҷазираи Кюшу дар ҷануби ғарби Жопон камаш 20 нафар кушта ва 14 нафар нопадид шудаанд.
Аз рӯзи шанбе то кунун дастури тахлия (рафтан аз хонаҳо)-и ҳудуди 200 ҳазор нафар содир шудааст.
Идораи ҳавошиносии Жопон дар бораи боришҳои нав дар ин минтақа ҳушдор додааст.