Июл 06, 2020 14:45 Asia/Dushanbe
  • Посухи раҳбари муаззами инқилоб ба номаи раиси Дафтари сиёсии Ҳамос

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар посух ба номаи раиси Дафтари сиёсии Ҳамос бар ҳимояти Эрон аз мардуми мазлуми Фаластин таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин нома хитоб ба Исмоил Ҳания, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, аз иқдомоти Муқовимати Фаластин дар муқобила бо тавтеаҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ, ки муҷиби иззат ва сарбаландии уммати исломӣ шудааст қадрдонӣ карданд.

Ишон тасреҳ карданд: Душмани оҷиз, ки дар арсаи майдонӣ, шикастҳои ҷуброннопазире мутаҳаммил шудааст, роҳбурди тавсеаталабии худ ва поймол кардани ҳуқуқи мусаллами фаластиниҳоро ибтидо бо фишори иқтисодӣ ва муҳосираи Ғаззаи мазлум ва онгоҳ бо найранги музокира ва тарҳи сулҳу созиш думбол мекунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ёдовар шуданд: Ҷараёни Муқовимат ва миллати шуҷоъи Фаластин бо мантиқи ақл ва таҷриба, таҳдид ва татмиъи душманонро бар натофта ва ҳамчун гузашта бо истодагии мисолзадании худ масири иззат ва шарафро рақам зада ва аз ин пас ҳам дар ҳамин сироти мустақим ҳаракат хоҳад кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин нома бо таъкид бар зарурати ҳифзи ҳушёрӣ, ваҳдат ва якпорчагии мардум ва ҷараёнҳои фаластинӣ барои хунсосозии нақшаҳои шуми душман хотирнишон карданд: Ҷумҳурии исломӣ ҳамчун гузашта ба ҳукми вазифаи динӣ ва инсонӣ ва бар асоси усули арзишии инқилоби исломӣ аз ҳеҷ кӯшише барои ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва дафъи шарри режими қалбакӣ ва ғосиби саҳюнистӣ дареғ нахоҳад кард.

 

Барчасп