Рӯҳонӣ: Эрон таомули хубе бо ҳамсоягон дорад
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таомули Теҳрон бо кишварҳои ҳамсояро хуб арзёбӣ кард.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат, бо баёни ин ки Эрон дар равобити хориҷӣ нигоҳи стратегӣ дорад, гуфт: Ҷумҳурии исломӣ таомули бисёр хубе бо кишварҳои ҳамсоя дорад, албатта ба ғайр аз ду кишваре, ки худашон намехоҳанд бо Теҳрон робита дошта бошанд.
Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба зарфиятҳои бандари Чобаҳор, ҷануби шарқи Эрон афзуд, зарфияти бандари Чобаҳор ба унвони танҳо бандари уқёнусии кишвар аз 2.5 миллион тон ба 8.5 миллион тон расида, ки ин иқдом таҳаввуле бузург барои хатти транзитии ҷануб ва шимол аст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳдоси роҳи оҳани Ҷануб - Шимолро як тарҳи миллӣ ва байналмилалӣ донист ва изҳор дошт: Ин хатти роҳи оҳан аз уқёнуси Ҳинд дар Чобаҳор шуруъ мешавад ва ба ҳамаи хутути роҳи оҳан дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Чин, Русия ва Аврупо муттасил мешавад.
Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба тавтеаҳои душманон барои зарба задан ба Эрони исломӣ афзуд: эъмоли фишор, маъюссозӣ, эҷоди тафриқа ва ҷудоӣ миёни миллат ва низом ва ихтилоф миёни қувои Эрон, ҳадафи аслии Амрико ва режими саҳюнистӣ аст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, мардум ва масъулони Эрон даст дар дасти ҳам тавтеаҳои душманонро хунсо мекунанд.