Охирин омори мубталоён ба “Ковид – 19” дар Эрон
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди ду ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба “Ковид – 19” хабар дод.
Симо Содот Лорӣ рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта ду ҳазору 262 бемори ҷадиди мубтало ба “Ковид – 19” дар Эрон шиносоӣ шуд, ки ҳазору 455 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ пас аз муоина хадамот ироа шуд.
Лорӣ гуфт, маҷмӯи беморони “Ковид – 19” дар Эрон ба 252 ҳазору 720 нафар расидааст, ки аз ин теъдод то кунун 215 ҳазору 15 нафар беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Вай афзуд, дар 24 соати гузашта 142 нафар аз беморони “Ковид -19” ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 12 ҳазору 447 нафар расид.