Вокуниши Эрон ба тамдиди таҳримҳои таслиҳотӣ шадид хоҳад буд
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, дар сурати тамдид шудани таҳримҳои таслиҳотии Эрон бо фишорҳои Амрико, ҷумҳурии исломӣ вокуниши муносиб ва қавӣ ба он нишон хоҳад дод.
Сайидаббоси Мусавӣ дар ҷамъи хабарнигорон дар шаҳри Исфаҳони Эрон бо ишора ба қатъномаи зиддиэронии Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ таъкид кард, Эрон ба сурати довталабона ҳамкории хубе бо Ожонси байналмилалии атомӣ дорад, аммо ин рӯйкард доимӣ нест.
Мусавӣ дар бораи ҳодиса дар яке аз сулаҳои муҷтамаи ғанисозии Натанз, дар маркази Эрон низ гуфт, ниҳодҳои амниятии Эрон дар ҳоли баррасии ҳамаи ҷузиёти ҳодиса ҳастанд ва агар онҳо ба ин натиҷа бирасанд, ки дасти авомили хориҷӣ дар кор будааст, ҳатман эълом мекунанд.
Вай таъкид кард, агар маълум шавад авомили хориҷӣ дар ҳодисаи Натанз даст доштаанд, онон авоқиби кори худро хоҳанд дид.
Мусавӣ дар гуфтугӯ бо Хабаргузории садо ва симои Эрон низ дар бораи муносиботи Теҳрон ва Пекин гуфт, санади чашмандози 25 солаи ҳамкориҳои Эрон ва Чин баёнгари ин мавзуъ аст, ки нигоҳи Эрон ба дӯстонаш нигоҳи дарозмуддат ва роҳбурдӣ аст.
Вай бо радди дубораи бархе иддаоҳо дар бораи муҳтавои санади ҳамкории Эрон ва Чин аз ҷумла иҷораи ҷазоири эронӣ дар халиҷи Форс ва инҳисори фурӯши нафт бо қиматҳои пойин ба Чин гуфт, замоне, ки санад ниҳоӣ шуд, ҳама метавонанд ҷузиёти онро бубинанд ва ҳеҷ чизи пинҳоне дар ин санад вуҷуд надорад.