Даргузашти намояндаи маҷлиси Эрон бар асари ибтило ба вируси корона
Июл 13, 2020 16:39 Asia/Dushanbe
Намояндаи 11-умин давраи Маҷлиси Шурои исломии Эрон Исо Ҷаъфарӣ бар асари ибтило ба корона даргузашт.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони разавӣ, Исо Ҷаъфарӣ намояндаи мардуми шаҳристонҳои баҳор ва Кабудроҳанги остони Ҳамадон, ки аз чанд рӯз қабл ба далели ибтило ба вируси корона дар бахши муроқибатҳои вижаи яке аз бемористонҳои Теҳрон бистарӣ шуда буд, имрӯз (душанбе) даргузашт.
Фотима Раҳбар намояндаи мардуми Теҳрон ва Муҳаммад Али Рамазонӣ намояндаи мунтахаби мардуми шаҳристони остонаи Ашрафияи остони Гелон ҳам пеш аз ин бар асари ибтило ба корона ҷон бохтанд.