Июл 15, 2020 11:43 Asia/Dushanbe
  • Амир Ҳотамӣ: Талоши Вашингтон барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон натиҷае нахоҳад дошт

Амрико бо вуҷуди тавофуқи БарҶом ва қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони милал, ба баҳонаи беасоси таҳдид ҷилва додани лағви таҳрими таслиҳотии Эрон, дар такопӯ барои ҷилавгирӣ аз лағви ин таҳримҳо аст.

Ба мӯҷиби мафоди қатъномаи 2231 Шӯрои амният, мамнуиятҳои марбут ба фурӯши таслиҳот ба Эрон, 18 октябри 2020 бардошта хоҳад шуд.

Амир сартип Амир Ҳотамӣ, вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи сешанбе дар вокуниш ба иқдомоти давлати Амрико барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон, таъкид кард: Талоши Вашингтон барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотӣ, натиҷае нахоҳад дошт.

Ҷумурии Исломии Эрон аз ҳамон замони пирӯзии инқилоб, бо ҳадафи осебпазир шудан дар ҳавзаи дифоӣ таҳти таҳримҳои таслиҳотӣ қарор гирифт. Дар гоми нахуст, давлати Картер пас аз фатҳи лонаи ҷосӯсӣ ба дасти донишҷӯёни пайрави хатти имом, нахустин таҳрими содироти таслиҳот ба Эронро тасвиб кард. Сипас давлати Рейган, дар тӯли ҷанги таҳмилӣ, ба давлатҳои дигар фишор овард то аз фурӯши таслиҳот ба Эрон худдорӣ кунанд. Давлати Буши падарм дар Конгресс қонуни манъи фурӯши силоҳои пешрафтаи мутаориф, монанди мушакоҳи “круз” ва ҳавопаймоҳои радаргурез ба Эронро тасвиб кард. Бо шакл гирифтани таҳримҳои ҳастаӣ, Иттиҳоди Аврупо ҳам дар соли 2007 содироти силоҳ ба Эронро мамнуъ кард. Бо вуҷуди тасвиби қатъномаи 2231 дар соли 2015, Конгресси Амрико дар соли 2017 бо тасвиби қонуне, содирот ва ё интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба Эронро мамнуъ кард. Аммо Эрон дар 41 соли гузашта, ҳамвора ба тавоноиҳои дарунии худ муттакӣ будааст.

Шӯрои Атлантик, Андешкадаи амрикоӣ дар ҳавзаи равобити байналмилал, дар таҳлиле бо ишора ба эҳтимоли лағви таҳримҳои таслиҳотии Эрон менависад: Эрон пештар тавоноиҳои чашмгире дар тавсеаи сомонаҳо нишон дода, ки ин масъала ба маънои коҳиши ниёз ба воридоти гаронқиммат аст.

Тавоноиҳои Эрон дар арсаи таъмини ниёзҳои дифоӣ ва боздорандагӣ бо сохти мушакҳои баллистик ва круз ва паҳподҳо дар солои ахир ба исбот расидааст. Ҳамалоти мушакии Эрон ба пойгоҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ дар талофии террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Эрон, тавассути Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумлаи мавориде аст, ки тавоноиҳои низомии Эронро нишондод.

Он гуна, ки вазири дифои Эрон мегӯяд, посухи мушакии сипоҳи посдорон, ҳайманаи пӯшолии Амрико ва низоми истикборро аз байн бурд ва мизони қудрати дифоӣ ва иқтидори Эронро беш аз пеш барои ҷаҳониён ба исбот расонд.

Эрон акнун бо инъиқоди қарордодҳои ҳамкории низомӣ вориди муодилоти роҳбурдии амниятӣ ва низомӣ дар минтақа шудааст. Инъиқоди қарордоди ахири ҳамкории низомии Эрон ва Сурия нишондод, таҳаррукоти Амрико барои тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон халале дар роҳбурдҳои калони низомӣ ва дифоии Эрон эҷод намекунад. Ҷумурии Исломии Эрон бо таваҷҷӯҳ ба мулоҳизоти амниятӣ ва роҳбурдӣ ҳар замон лозим бидонад аз тавонмандиҳои дифоии худ дар чорчӯби манофеи миллӣ истифода хоҳад кард.

Сайид Амири Мусавӣ, коршиноси масоили Ховари Миёна ва мудири Маркази мутолиоти стратегӣ ва равобити байналмилал дар Теҳрон, бо баёни инки Амрико, режими саҳюнистӣ ва бархе аз кишварҳои арабӣ ба шиддат аз инъиқоди чунин қарордоде байни Теҳрон ва Димишқ нороҳат ҳастанд мегӯяд: Эрон бо инъиқоди ин қарордод расман “Қонуни сезар”, ки мусаввабаи Конгресси Амрико алайҳи Сурия астро шикастааст.

Дар воқеъ бояд гуфт, давлати феълии Амрико бо стратегияи маҳдудсозии қудрати боздорандагии Эрон, саъй дорад худро пирӯзи муқобила бо Эрон нишон диҳад ва аз ин ҷараён ба унвони як нуқтаи муваффақият дар сиёсати хориҷӣ дар рақобатҳои интихоботии раёсатҷумурӣ баҳрабардорӣ кунад.

Аммо изҳороти вазири дифои Ҷумурии Исломии Эрон посухи равшане ба ин таваҳумоти Амрико дорад. Амир Ҳотамӣ таъкид кард, тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон, зиёдахоҳона ва муғризона аст ва кишварҳои дунё дар муқобили ин дархост кутоҳ намеоянд ва бо Амрико ҳамроҳӣ нахоҳанд кард.