Июл 20, 2020 19:15 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрон-Хитой зарбаи мустаҳкам ба ҷойгоҳи Америка дар низоми ҷаҳонӣ аст

Пойгоҳи хабарии Форес тавофуқи Хитой ва Эронро як зарбаи маҳкам ба ҷойгоҳи Америка дар Ғарби Осиё ва як ақабгардии дигар аз сатҳи низоми ҷаҳонӣ хонд.

Ба гузориши радиои бурунмарзи Садои Хуросони Разавӣ, пойгоҳи хабарии Форбес дар гузорише бо ишора ба тавофуқи 25 солаи Эрон ва Чин навишт: Теҳрон ва Пекин ахиран аз тарҳи худ барои имзои як қарордоди 25 сола барои тавсеаи равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ хабар додаанд. Дар ҳоле, ки ҷузъиёти ин тавофуқ ҳанӯз фош нашудааст, аммо возеҳ аст, ки ин як гоми баланди Эрон ба самти шарқ аст. 
 
 Ин гузориш афзуд: чунин тавофуқе беш аз пеш мавқеияти Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро дар Ғарби Осиё заиф хоҳад кард. Барои Вашингтон, ки пеш аз ин аз тавофуқи ҳастаии Эрон ва 1+5 хориҷ шуда ва созмон беҳдошт ҷаҳониро тарк карда ин як гоми дигар барои ақаибгардии Вашингтон аз низоми байналмилалиӣ маҳсуб мешавад. 
 
 Пойгоҳ хабарии Форес дар идома навишт: барои аввалин бор аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввум, нақши раҳбарии Америка дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳоли кӯчактар шудан аст. Ва чандин раванд таи солҳои ахир дар сатҳи байналмилалӣ ба гунае тағйир кардааст, ки ба зарари Америка ва ба суд Чин будааст. 
 
 Сиёсати хориҷаи ахири Америка бо эъмол таърифа ва ҷанги тиҷории Америка бо муттаҳидон ва Чин оғоз шуд. Вашингтон аз тавофуқи об-ҳавои Париж канор рафт, аз тавофуқи транс-посифик ақибнишинӣ кард ва аз тавофуқи ҳастаии Эрон ҳам хориҷ шуд. Байни худ ва созмони паймони Атлантикаи шимолӣ (НАТО) фосила андохт ва паймони NAFTA-ро рад кард. 
 
 Дар натиҷа танишҳои тиҷории Америка ва маҳдудият дар воридот, ширкатҳои Америка шурӯъ ба ҷустуҷӯ барои дастёбӣ ба таъминкунандагон ва муштариҳои ҷадид карданд. 
 
 Ҳамзамон кишварҳои дигари ҷаҳон ба думболи тавофуқҳои тиҷории ҷадид буданд, мисли тавофуқи тиҷории Япония бо иттиҳодияи Аврупо, Созмон теранс-посифик ҳам бидуни Америка ба кори худ идома дод. Дар муқобил Чин ба дастури кори ҷаҳоним худ суръат дод. 
 
Ин пойгоҳи хабари дар идомаи гузориш худ навишт: бо ақибнишинии  Америка аз сатҳи ҷаҳонӣ, мавзеи Чин дар низоми байналмилалӣ мусаллаттар шуд. Тавофуқи 25 сола Чин бо Эрон боиси тақвияти ҷойгоҳи ин кишвар дар Ғарб Осиё хоҳад шуд. Ширкатҳои чинӣ бузургтарин сармоягузорон дар қораи Африқо ҳастанд ва беш аз 140 миллиард доллар низ дар Америкаи Лотинӣ сармоягузорӣ кардаанд. Чин ҳамчунин дар кулли Осиё ва Аврупо сармоягузорӣ кардааст ва ба думболи эҳёи ҷодаи абрешим бо номи ҷадид «як камарбанд як ҷода» аст. Ин кишвар ҳамчунин дар заминаи зерсохтҳои муҳим мисли барқ, ҷодаҳо, пулҳо, манобеи табиӣ ва бандарҳо сармоягузориҳои ҳангуфте кардааст. 
 
Ин гузориш таъкид кард, ки ба назар мерасад, Америка ба ҳошия ронда шуда ва ба ин далел аз манофеи иқтисодӣ низ бебаҳра хоҳад монд.