Июл 21, 2020 18:16 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе ба таври расмӣ аз сарвазири Ироқ дар Теҳрон истиқбол кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар маросими истиқболи расмӣ пас аз он ки Суруди миллии ду кишвар садо дод, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ва Сарвазири Ироқ Мустафо ал-Козимӣ барои арзи эҳтиром назди ҳайати баландпоя ташриф оварданд ва онҳоро муаррифӣ карданд. 

Пас аз маросими истиқболи расмӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сарвазири Ироқ музокироти дуҷонибаро оғоз карданд.

Вазирони умури хориҷӣ, нафт, нерӯи барқ, молия, дифоъ, тандурустӣ ва мушовири  амнияти миллӣ Ироқ ал-Козимиро ҳангоми сафари худ ба Теҳрон ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Барчасп