Таъкиди Эрон ва Россия бар муқобила бо якҷонибагароии Америка
(last modified Tue, 21 Jul 2020 17:05:27 GMT )
Июл 21, 2020 22:05 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Россия бар муқобила бо якҷонибагароии Америка

Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Россия бар зарурати муқобила бо ҳар гуна иқдоми мухарриб ва якҷонибагароии Америка таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Муҳаммаджавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз дар дидор бо Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Россия дар Москва зимни қадрдонӣ аз мавозеи қотеи Россия ва Чин дар баробари зиёдахоҳии Америка гуфт: Райи манфии Россия ва Хитой ба қатъномаи МАГАТЭ ва мухолифати ҷиддии Москва ва Пекин бо талоши Америка барои идома ёфтани таҳримҳои таслиҳотии Эрон дар Шӯрои амният, нишонаи равобити мустаҳками Эрон, Россия ва Чин ва истодагӣ дар баробари якҷонибагароии Америка буд. 

Зариф ҳамчунин ёдовар шуд: тамосҳои паёпаи мақомоти олирутбаи Эрон ва Россия ва  ҳамгароӣ дар таҳаввулоти байналмалалӣ, баёнгари умқи равобити Москва ва Теҳрон аст.

Вазири умури хориҷаи Россия низ дар ин дидор гуфт: иқдомоти якҷонибаи Америка дар арсаи байналмиллалӣ , хориҷ шудани ғайри қонунӣ аз Барҷом ва талоши Вашингтон барои водор кардани дигар кишварҳо ба тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон аз назари Россия ғайри қобили қабул аст.

Лавров Барҷомро санади мӯътабар донист,ки бар асоси қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид лозимул-иҷро аст.

Вазири умури хориҷаи Россия таъкид кард: Барҷом бо мушорикати кишварҳои боқимонда бояд ҳифз шавад ва Россия дар баробари ҳар гуна иқдоми мухриби Америка барои фурӯпошии ин тавофуқнома истодагӣ мекунад. 

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳадафи дидор ва гуфтугӯ бо президент ва вазири умури хориҷаи Россия имрӯз вориди Москва шуд.