Намоиши сирки мошин дар Бурҷи Мелоди Теҳрон+видео
(last modified Wed, 22 Jul 2020 05:45:06 GMT )
Июл 22, 2020 10:45 Asia/Dushanbe

Бурҷи Мелоди Теҳрон ин шабҳо мизбони «нахустин сирки мошини Эрон» аст.

Ба гузориши хабаргузории Эрон-Пресс, нахустин сирки мошини Эрон бо ҳузури ширкаткунандагони байналмиллалӣ аз ҳафт кишвари ҷаҳон аз рӯзи панҷшанбеи гузашта бо риояти комили протоколҳои беҳдоштӣ дар Бурҷи Мелод дар ҳоли баргузорӣ аст ва ин рӯйдод то 21 август идома хоҳад дошт.

Сирки мошин бо ҳамоҳангӣ ва иҷозатномаи Ситоди миллии муқобила бо бемории корона ва ба манзури саргармӣ ва пур кардани вақтҳои фироғати шаҳрвандон дар рӯзҳои баланд ва коронаи тобистон барномарезӣ шудааст.

Дар сирки мошин, ҳунармандоне аз кишварҳои Бразилия, Эквадор, Танзания, Русия, Колумбия, Мексика ва Эрон ҳар шаб дар ду сонс барои шаҳрвандон ва шавқмандон дар Бурҷи Мелод барнома иҷро мекунанд.

Пас аз шуйюи вируси корона дар кишвар ва таътил шудани марокизи фарҳангӣ ва ҳунарӣ; ҷомеаи фарҳангу ҳунари кишвар талош кард, барои ҳифзи шӯр, нишот ва рӯҳияи иҷтимоии мардум фазои фарҳангии муносиб дар ҷомеа эҷод кунад. Кансертҳои онлайн, синамо мошин ва ҷашнвораи филми "Як дақиқа карантин" аввалин қадами ҷомеаи фарҳангу ҳунар барои дастёбӣ ба ин ҳадаф будааст.