Ҷалолӣ: Кишварҳои боқимонда дар БарҶом мусаммам ба ҳифзи он ҳастанд
(last modified Thu, 23 Jul 2020 16:11:10 GMT )
Июл 23, 2020 21:11 Asia/Dushanbe
  • Ҷалолӣ: Кишварҳои боқимонда дар БарҶом мусаммам ба ҳифзи он ҳастанд

Сафири Эрон дар Русия аз талоши кишварҳои боқимонда дар БарҶом, барои ҳифзи ин тавофуқи байналмилалӣ, ба рағми фишорҳои ғайриқонунии Амрико хабар дод.

Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия рӯзи панҷшанбе, дар мусоҳиба бо хабаргузории русии Интерфакс бо баёни ин, ки агар Русия, Чин ва Аврупо дар баробари фишорҳои физояндаи Амрико муқовимат ва манофеи Эронро таъмин кунанд, ин тавофуқи байналмилалӣ ҳифз хоҳад шуд. Дар ғайри ин сурат ва тадовуми раванди кунунӣ, БарҶом ба нуқтаи поёнии худ хоҳад расид.

Сафири Эрон бо ин, ки Русия то кунун рӯи сиёсати худ барои ҳимоят аз БарҶом пофишорӣ кардааст, афзуд: Поёни таҳримҳои таслиҳотии Эрон мутобиқ бо БарҶом ва Қатъномаи 2231 низ бахше аз БарҶом аст, ки боиси тақвияти раванди иҷроӣ ва бақои он хоҳад буд.

Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БарҶом) натиҷаи музокироти фишурдаи чандсола буд, ки саранҷом дар 14 июли соли 2015 байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва гурӯҳи 5+1 (Русия, Чин, Амрико, се кашвари аврупоии Аглия, Фаронса, Олмон ва мушорикати намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар сиёсати хориҷӣ ва умури амниятӣ) мунъақид шуд.