Таҳвили маҳмулаи пизишкии эҳдоии Эрон ба Покистон
Маҳмулаи пизишкии эҳдоии Эрон, шомили садҳо кити ташхиси вируси Ковид -19, тавассути сарконсули Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Карочӣ таҳвили раиси иёлатии созмони “Ҳилоли Аҳмар”-и Покистон шуд.
Ба гузориши ИРНА, Аҳмади Муҳаммадӣ, сарконсули Эрон дар панҷшанбе дар дидор бо Шаҳнози Ҳамид, раиси “Ҳилоли Аҳмар”-и ин иёлат, дар хусуси афзоиши ҳамкориҳои “Ҳилоли Аҳмар”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон бо “Ҳилоли Аҳмар” –и иёлати Синд гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор, ки дар дафтари марказии “Ҳилоли Аҳмар” –и иёлати Синди Покистон анҷом шуд, ду тараф аз охирин вазъияти шуюъи вируси корона дар ду кишвар мутталеъ шуданд.
Даҳуми марти 2020 раиси бунёди хайрия ва имдоди “Идиҳе” –и Покистон кумаки 200 ҳазордолларӣ барои муқобила бо вируси корона дар Эронро дар ихтиёри Аҳмади Муҳаммадӣ, сарконсули Эрон дар шаҳри Карочӣ қарор дода буд.