Июл 25, 2020 17:18 Asia/Dushanbe
  • Равнақи тавлиди Ремдесивир дар Эрон

Дорусозони эронӣ Ремдесивир (Remdesivir), яке аз доруҳои кумаккунанда дар наҷоти беморони коронаиро дар сахттарин шароити таҳрим тавлид карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, аввалинбор дар Эрон, номи Ремдесивирро Мину Муҳариз- узви Кумитаи кишварии мубориза бо бемориҳои сироятӣ 31 фарвардини 99 эълом кард.

Ӯ гуфт: Доруи Ремдесивир дар гузашта барои дармони Ебола тавлид шуда буд. Ин дору марҳилаҳои ниҳоии корозмоии болиниро барои дармони корона (КОВИД-19) тай мекунад ва эҳтимолан то се моҳи оянда ба унвони доруи дармони КОВИД-19 ба бозори дунё муаррифӣ мешавад.

Вай афзуд: Доруи Ремдесивир як доруи зидди вирус ва тавлиди як ширкати амрикоӣ аст ва дар замони шуйюи бемории КОВИД-19 дар Чин ҳам дар дармони беморон муассир буд. Ин дору акнун дар Аврупо ва Амрико таҳти як корозмоии васеъ барои дармони ин беморӣ аст ва натиҷаи он фавқулода хуб будааст. Акнун дар марҳилаи севуми корозмоии болинӣ барои дармони КОВИД-19 аст ва фақат як марҳилаи дигар боқӣ мондааст.

Масъуди Мардонӣ- фавқи тахассуси бемориҳои сироятӣ ва узви Кумитаи мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва дармони корона низ гуфт: Баррасиҳои анҷомшуда нишон медиҳад, ки доруи Ремдесивир давраи дармони КОВИД-19-ро кӯтоҳ кунад ва ин давраро аз 14 рӯз ба 10 рӯз коҳиш диҳад.

Вай афзуд: Доруи Ремдесивир фақат барои беморони бадҳоли бистарӣ ва беморони илтиҳоби корона, ки хатари камбуди оксиген, онҳоро таҳдид мекунад корбурд дорад ва фақат барои беморони коронаии бистарӣ бояд тазриқ шавад, ки ё дар бахши муроқибатҳои вижа ҳастанд ё инки агар аз ин дору истифода накунанд корашон ба бахши муроқибатҳои вижа кашида мешавад.

Вай афзуд: Ояндаи истифода аз Ремдесивир барои кумак ба афроди мубтало ба корона ҳануз маълум нест, агар дар оянда короии бештари ин дору мушаххас шавад, мумкин аст ин дору ба унвони хатти аввали дармони корона муаррифӣ шавад, аммо ҳануз истифода аз ин дору барои КОВИД-19 дар марҳилаҳои таҳқиқ ва корозмоии болинӣ аст.

Узви Кумитаи кишварии мубориза бо корона афзуд: Мутаассифона бархе пизишкон ин доруро нусха мекунанд ва ин дору ба шаклҳои мухталиф ва қалбакӣ дар бозори Носири Хусрав ва дигар бозорҳои ғайриқонунӣ ба фуруш мерасад ва бо нархҳои хеле гарон арза мешавад. Доруи Ремдесивир сохти дохили Эрон низ тавлид шуда ва нисбат ба нархи доруҳои Носири Хусрав, ки як сӯзандоруи он ба нархи 50 то 60 миллион ва ҳатто бештар ба фуруш мерасад бисёр арзонтар аст.

Саиди Маликӣ- мудир омили ширкати дорусозии Чаҳоршанбе ҳам дар маросими рӯнамоӣ аз хатти тавлиди Ремдесивир дар Сова гуфт: Теъдоди тавлиди доруи Ремдесивир дар ин корхона феълан кам аст албатта барои воридоти маводи аввалияи кофӣ барои тавлиди боло иқдом кардаем ва ба суръат ворид мешавад. Дар ин марҳила 2500 виол аз доруи тазриқии Ремдесивирро тавлид кардаем, ки омодаи вуруд ба бозор аст ва билофосила омодагии тавлиди 10 ҳазор виоли дигари ин доруро дорем.

Мудири кулли доруи Вазорати беҳдошт низ гуфт: Намунаҳои воридотии Ремдесивир ҳам ба миқдори маҳдуде аз ду кишвари осиёӣ харидорӣ шудааст. То кунун ду баста аз ин доруи воридотӣ дар бемористонҳо тавзеъ шуда ва як бастаи дигар ҳам ( ки бештар аз мавориди қаблӣ аст) имрӯз дар бемористонҳо тавзеъ мешавад.

Муҳаммадӣ гуфт: Нархи доруи Ремдесивири воридотӣ ҳудуди як миллиону 200 ҳазор тумон аст. Тавлиди дохили он ҳануз нархгузорӣ нашудааст ва эҳтимолан ҳудуди нисфи ин нарх хоҳад буд, дар ҳоле, ки ин дору дар бозори озод ба нархи 60 миллион тумон ва ҳатто бештар ҳам фурухта шудааст албатта умедворем бо вуруди  доруи эронӣ нархи Ремдесивири қочоқ дар бозори озод ҳам шикаста шавад.