Баргузории нахустин давраи онлайни омӯзиши забони форсӣ дар Африкаи Ҷанубӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i55887-Баргузории_нахустин_давраи_онлайни_омӯзиши_забони_форсӣ_дар_Африкаи_Ҷанубӣ
Нахустин давраи онлайни омӯзиши забони форсӣ дар Африкаи Ҷанубӣ, ба ҳиммати ройзании фарҳангии Эрон дар Притория ифтитоҳ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 28, 2020 15:57 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нахустин давраи онлайни омӯзиши забони форсӣ дар Африкаи Ҷанубӣ

Нахустин давраи онлайни омӯзиши забони форсӣ дар Африкаи Ҷанубӣ, ба ҳиммати ройзании фарҳангии Эрон дар Притория ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, дар маросими ифтитоҳи нахустин давраи онлайни омӯзиши забони форсӣ 40 нафар аз форсиомӯзони Африқои Ҷанубӣ ҳузур доштанд.

Дарсҳои забони форсӣ бо истиқболи хуби форсиомӯзони Африқои Ҷанубӣ ҳамроҳ шудааст.

Ройзании Фарҳангии Эрон дар кишварҳои мухталиф бо ҳамкории муассисоте чун бунёди Саъдӣ баргузории давраҳои омӯзиши забони форсӣ ба сурати ҳузурӣ ва онлайнро бар ӯҳда гирифтааст.