Июл 28, 2020 17:04 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду шаҳрванди Шветсия дар Эрон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир

Сухангӯи қувваи қазоии Эрон аз боздошти ду шаҳрванди Шветсия ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ғулом Ҳусейн Исмоилӣ имрӯз (сешанбе) дар нишасти хабарӣ гуфт: ду нафар аз шаҳрвандони Шветсия ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар ҳоле,ки маҳмулаҳоро низ ба ҳамроҳ доштанд, дар Эрон дастгир шуданд.

Исмолиӣ бо баёни инки, аз тариқи Вазорат хориҷаи Эрон, боздошти ин афрод ба давлат ва сафорати Шветсия эълом шудааст афзуд: ҳанӯз додгоҳ райро содир накардааст, аммо онҳо метавонанд аз имтиёзоти соири зиндониён монанди мулоқот бархурдор шаванд. 

Сухангӯи қувваи қазоии Эрон ҳамчунин бо ишора ба эҷоди музоҳимати ҷангандаҳои америкоӣ барои ҳавопаймои мусофирбарии Эрон дар осмони Сурия,ки ба захми шудани чандин мусофир анҷомид гуфт: ин иқдоми ғайри қонунӣ ва ғайри инсонӣ, намунаи дигаре аз хӯи дудманиши террористҳои америкоӣ буд. 

Исмоилӣ аз Вазорати хориҷаи Эрон ва Маҷомеи байналмилалӣ хост бо пайгириҳои дипломатик ва ҳуқуқӣ, бархурди боздоранде бо ин иқдоми ваҳшиёна дошта бошанд.

Барчасп