50 дарсади корбарони интернетии Ховари миёна эронӣ ҳастанд
Муовини илмиву фанноварии раиси ҷумҳурии Эрон мегӯяд, 50 дарсади корбарони интернетии Ховари миёна эронӣ ҳастанд ва ҳазорон ширкат дар заминаи фанноварии иттилооту иртиботот дар Эрон фаъолият мекунад.
Ба гузориши ИРНА, Сурно Сатторӣ, муовини илмӣ ва фанноварии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд, Эрон омодагӣ дорад барои тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва фанноварӣ бо ташкили коргурӯҳе муштарак дар ҳавзаҳои мухталифи нанотехнология ва биотехнология бо кишварҳои мухталиф ҳамкорӣ кунад.
Ба гуфтаи Сатторӣ, беш аз 50 миллион дастгоҳи телефони ҳамроҳи ҳушманд дар Эрон истифода мешавад ва шабакаи ҷаҳонии интернет низ дар солҳои ахир дар Эрон бисёр тавсеа ёфтааст.
Муовини илмӣ ва фанноварии раиси ҷумҳурии Эрон таъкид кард, бисёре аз кишварҳои ҷаҳон Эронро бо нафту манобеи зеризаминии он мешиносанд, аммо вуҷуди нерӯи инсонии мутахассису ҷавон сармояҳои бузурге барои иқтисоди донишбунён дар Эрон ба шумор меоянд.
Сатторӣ ёдовар шуд, ҳамакнун беш аз панҷ миллион донишҷӯ дар донишгоҳҳои Эрон дар ҳоли таҳсиланд ва бо вуҷуди 33 миллион ҷавони байни 20 то 40 сол, Эрон ба чаҳорумин тарбияткунандаи муҳандис дар ҷаҳон табдил шуда аст.