Июл 31, 2020 18:01 Asia/Dushanbe
  • 197 қурбонии ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон

Дар 24 соати гузашта омори ҷонбохтагони Ковид - 19 дар Эрон 197 нафар афзуд.

Симо Содот Лорӣ, сухангуи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори беморони Ковид – 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 674 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 523 нафар бистарӣ шуданд ва бақияи беморон низ пас аз муоина ва дарёфти дору, давраи дармонро дар хонаҳояшон хоҳанд гузаронд.

Лорӣ ҳамчунин гуфт, дар 24 соати гузашта 197 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 16 ҳазору 766 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон то кунун маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 304 ҳазору 204 нафар расидааст, ки 263 ҳазору 519 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё бо беҳтар шудани шароиташон аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 17 миллиону 499 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 677 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 10 миллиону 956 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.

 

Барчасп