Эрон омодаи эътои стипендия ба донишҷӯёни ҳиротӣ
(last modified Sat, 01 Aug 2020 12:14:07 GMT )
Август 01, 2020 17:14 Asia/Dushanbe
  • Эрон омодаи эътои стипендия ба донишҷӯёни ҳиротӣ

Вобастаи фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳироти Афғонистон аз омодагии Эрон барои эътоии стипендия ба донишҷӯёни ҳиротӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Алиасғари Ризоӣ Дастҷирдӣ, вобастаи фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳирот рӯзи шанбе бо ҷамъе аз донишҷӯёни муаррифишуда аз сӯи донишгоҳҳои давлатӣ ва хусусии ин вилоят дидор кард.

Вай дар ин дидор гуфт: Стипендияи донишгоҳҳои Эрон ба касоне тааллуқ мегирад, ки зарфияти илмии болое дошта ва шоистаи дарёфти ин стипендияҳо ва омодаи хидмат ба кишвар ва мардуми худ пас аз хатми таҳсил бошанд.

Ризоии Дастҷирдӣ афзуд: Бо вуҷуди ин ки ҳарсола теъдоди зиёде аз донишҷӯёни Афғонистон барои идомаи таҳсил ба Эрон сафар мекунанд, Эрон ҳамчунон омодааст то теъдоди бештаре аз донишҷӯёни ҳиротиро барои таҳсил дар марокизи таҳсилоти олии худ пазиро бошад.

Дар ин дидор, донишҷӯёни муаррифишуда аз сӯи донишгоҳҳо ва марокизи омӯзишии Ҳирот низ зимни ташаккур аз маркази фарҳангии сарконсулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳирот барои таваҷҷуҳ ба донишҷӯёни ҷавони ин марказ, далелҳое чун наздик будани ду кишвар, ҳаммарз будан, забони муштарак, амният ва сатҳи болои илмии донишгоҳҳои Эронро аз авомили аслии шавқмандии худ ба дарёфти ин стипендияҳо унвон карданд.

Бар асоси оморҳои расмӣ беш аз 16 ҳазору 500 донишҷӯи афғонистонӣ дар ҳоли таҳсил дар Эрон ҳастанд ва бисёре аз мақомоти идорӣ шомили сиёсӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии давлати Афғонистон дар донишгоҳҳои Эрон таҳсил кардаанд.