Охирин омори мубталоён ба КОВИД-19 дар Эрон
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди ду ҳазору 500 бемори нави мубтало ба КОВИД-19 хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, ду ҳазору 548 бемори нави мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 67 нафар бистарӣ шуданд ва бақияи беморон низ пас аз муоина ва дарёфти дору, давраи дармонро дар хонаҳояшон хоҳанд гузаронд.
Лорӣ гуфт: Маҷмуи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 306 ҳазору 752 нафар расидааст, ки аз ин теъдод 265 ҳазору 830 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Вай афзуд: Дар 24 соати гузашта 216 нафар аз беморони КОВИД-19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 16 ҳазору 982 нафар расидааст.
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 17 миллиону 788 нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш 683 ҳазор нафар ҷон бохта ва беш аз 11 миллиону 182 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.