Охирин омори беморони Ковид-19 дар Эрон
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз ду ҳазору 700 бемори ҷадиди Ковид-19 ва беҳбудии беш аз 272 ҳазор нафар хабар дод.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, Симо Содот Лорӣ рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар хабар дод ва гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, ду ҳазору 751 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 560 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.
Вай афзуд: дар 24 соати гузашта, 212 нафар аз беморони Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 17 ҳазору 617 нафар расидааст.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 314 ҳазору 786 нафар расидааст, ки аз ин теъдод токунун 272 ҳазору 535 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.
Теъдоди беморони Ковид-19 дар ҷаҳон низ ба беш аз 18 миллиону 470 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 700 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд ва дасти кам 11 миллиону 700 ҳазор нафар беҳбуд ёфтааст.