Август 05, 2020 08:25 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Эрон барои кумак ба Лубнон

Дар паи таркиши ҳавлнок дар берун ва кушта ва захмӣ шудани ҳазорон тан, Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳаргуна кумак ба Лубнон эъломи омодагӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷаи Эрон дар твиттҳое ба забонҳои англисӣ ва арабӣ зимни ибрози ҳамдардӣ бо давлат ва миллати Лубнон ва хонаводаи ҷонбохтагони ин ҳодиса тасреҳ кард, қалбҳои эрониён дар ин фоҷиаи бузург бо миллати Лубнон аст.

Зариф ҳамчунин таъкид кард: Эрон ҳамонанди ҳамеша омодааст ба ҳар наҳве, ки зарурӣ бошад ба Лубнон кумак кунад.

Саидаббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ зимни эъломи ҳамдардӣ ва таслияти миллату давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба миллату давлати Лубнон, аз омодагии Эрон барои кумак ба бародарон ва хоҳарони лубнонӣ хабар дод.

Ҳамчунин Ҳасани Намакӣ- вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар паёме ба Ҳамд Ҳасан, вазири беҳдошти Лубнон зимни эъломи ҳамдардӣ, омодагии Вазорати беҳдошти Эронро барои ҳаргуна кумак ва ёрӣ ба давлату миллати Лубнон эълом кард.

Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ- вазири умури дохилаи Эрон низ дар номае хитоб ба Муҳаммад Фаҳмӣ- вазири умури дохилаи Лубнон, бо ибрози ҳамдардӣ бо мардуми он кишвар, ки бар асари ҳодисаи таркиш дар бандари Бейрут азодор шудаанд таъкид кард Вазорати умури дохилаи Эрон дар чорчуби сиёсатҳои давлати ҷумҳурии исломӣ барои ҳаргуна кумак ва имдодрасонӣ ба осебдидагон омодагии комил дорад.

Бино бар охирин гузориши Вазорати беҳдошти Лубнон то кунун 70 нафар дар таркиши шадиди Бейрут кушта ва 3 ҳазору 700 нафар захмӣ шудаанд.

 

Барчасп