Август 06, 2020 18:29 Asia/Dushanbe
  • Баррасии роҳкорҳои тавсеаи муносиботи иқтисодии Эрон ва Туркманистон

Дар нишасти устондорони Хуросони Разавии Эрон ва Марии Туркманистон роҳкорҳои тавсеаи муносиботи иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуд.

Алиризо Разм Ҳусайнӣ, устондори Хуросони Разавии Эрон рӯзи панҷшанбе дар нишасти видеоконфронсӣ бо Давронберди Анабердиев, устондори Марии Туркманистон гуфт, дар чорчӯби гуфтугӯҳои пешини раисони ҷумҳурӣ ва вазирони хориҷаи Эрону Туркманистон умедворем шоҳиди пешрафт дар муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар бошем.

Разми Ҳусайнӣ бо ишора ба тавлиди рӯзона 11 миллион моск дар Эрон афзуд, Эрон омодаи афзоиши ҳамкорӣ бо Туркманистон дар заминаи муқобила бо куруно аст.

Устондори Марии Туркманистон низ бо ибрози хурсандӣ аз ин нишасти видеоконфронсӣ, онро аввалин гом барои густариши равобити ду кишвар хонд ва гуфт, умедворем равобити Эрону Туркманистон тавсеъа пайдо кунад ва фурсатҳои бештаре дар ин замина фароҳам шавад.

Вай афзуд, дар шароити буҳрони иқтисодии кунӯнӣ, ки дар ҷаҳон вуҷӯд дорад, мо барои тавсеаи равобити иқтисодӣ байни ду кишвар аз ҳар пешниҳоде истиқбол мекунем.

 

Барчасп