Август 10, 2020 16:02 Asia/Dushanbe
  • Гузари Эрон аз чолишҳо бо муқовимати фаъол ва ҳамбстагии миллӣ

"Ҷумҳурии исломи Эрон бо муқовимати фаъол ва ҳамбастагии миллӣ аз чолишҳои мавҷуд гузар хоҳад кард."

 Алӣ Шамхонӣ-дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи якшанбе дар сафҳаи шахсии худ дар Тветтер бо баёни ин дидгоҳ афзуд : Ҷилавгирӣ аз ҳамкории роҳбурдии Эрон бо Шарқ ва идомаи вобастагии иқтисоди миллӣ ба нафт, мабнои сиёсати Ғарб дар хусуси Теҳрон аст.

 Шамхонӣ ёдовар шуд : Эрон муддатҳост тасмим ба ин ду кор (ҳамкории роҳбурдӣ бо Шарқ ва истиқлоли иқтисоди миллӣ аз нафт) гирифтааст ва бо муқовимати фаъол ва ҳамбстагии миллӣ аз чолишҳои мавҷуд убур хоҳад кард.

 Дар чиҳилу як соле, ки аз пирӯзии инқилоб мегузарад, Амрико барои зарба задан ба низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ;«банд кардани дороиҳо» ва «таҳрим» ро ба унвони ду расиши «фишори иқтисодӣ» ба мардуми Эрон дар дастури кори худ қарор дод.

 Саволе, ки матраҳ аст ; Чигунагии муқовимат дар баробари фишори ҳаддиаксарӣ ва гузинаҳои муассир дар роҳбурдҳои  дарозмуддат аст.

 Нуктаи қобили таваҷҷуҳ дар дидгоҳи дабири шӯрои олии амнияти миллӣ ишора ба ду мавзӯъи калидӣ дар посух ба ин савол аст.

 Мавзӯъи нахуст; Рӯйкард ба муқовимати фаъол дар чорчуби коҳиши вобастагиҳо ба иқтисоди нафтӣ аст .Мавзӯъи дувум низ таъкид бар ҳамкориҳои роҳбурдии Эрон бо кишварҳои таъсиргузор бар муқобила бо ҷараёни якҷонибагароӣ аст.

Ин ду мавзӯъ аз аҳамияти стратегӣ бархурдор аст .бад-ин маъно, ки таъсироти фаротар аз ҳавзаи иқтисодӣ ва равобити дуҷониба хоҳад дошт.

 Таҳримҳо ва коршиканиҳои Амрико бар зидди Эронро метавон дар як ҳадаф хулоса кард ва он водор кардани Эрон ба таслим шудан дар баробари фишорҳои Амрикост. Албатта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки таҳримҳо ҳаргиз ба густурдагӣ ва душвории шароити имрӯз набудааст. Аз ин ру комилан мантиқӣ аст, ки гузинаи нахусти Эрон барои рӯёрӯии муассир бо фишори ҳаддиаксарии Ғарб бар Эрон, фаъол кардани зарфиятҳои иқтисоди муқовиматӣ аст.

 Дар айни ҳол Эрон ҳеҷ гоҳ ба дунболи мунзавӣ шудан ва фосила гирифтан аз равобити мутавозин бо дигар кишварҳо набудааст. Роҳбурди Ҷумҳурии Исломии Эрон густариши муносибот бар асоси манофеъи мутақобил бо кишварҳое аст, ки хостори равобити дӯстона ва созанда бо Эрон ҳастанд. Яке аз шохисҳо дар ин замина тавсеаи равобити иқтисодии Эрон бо ҳамсоягон ва нигоҳ ба Шарқ аст.

 "Барномаи ҷомеъи 25 солаи ҳамкориҳои Эрон ва Чин» , ки як ҳамкории роҳбурдӣ аст, намунае аз ин ҳамкорӣ маҳсуб мешавад .Чин бо бархурдорӣ аз иқтисоди бузург, ҳежмунии худхондаи Амрикоро ба чолиш кашонда ва Эрон низ кишвари муқовим ва мустақил аст, ки сайтараи Амрикоро барнаметобд.Эрон ва Чин акнун чашмандози ҳамкориҳои густурдаеро тарсим кардаанд, ки роҳро барои миллиардҳо доллар сармоягузорӣ дар бахши энергӣ ва соири бахшҳо боз мекунад. Ин тавофуқ шомили сармоягузорӣ дар умури банкӣ, иртиботот, бандарҳо, роҳи оҳан ва даҳҳо тарҳи дигар аст.

Он гуна, ки рӯзномаи амрикоии Уол стрит журнал менависад ; Мақомоти Теҳрон ва Пекин бо ин шарокати стратегӣ нишон медиҳанд, ки ба Ғарб муттакӣ набуда ва барои Вашингтон ва ҳампаймононаш ҷойгузин хоҳанд дошт.

 Албатта Теҳрон гузинаҳои дигаре ҳам барои барқарории тавозун дар равобит дар ихтиёр дорад, ки метавонад ба таҳримҳо ва сиёсатҳои таҳоҷумии давлати Трамп посух диҳад. Эрон дар ин ҷиҳат ҳамкорӣ бо иттиҳодияи бузурги иқтисодии Авруосиёро низ густариш додааст.

 Бадеҳӣ аст бояд аз фурсатҳои мавҷуд дар ҷиҳати иттиҳодсозӣ ва вуруд ба ҳамкориҳои роҳбурдӣ ва тӯлонимуддат, бо ҳифзи манофеъ ва амнияти миллӣ истифодаи ҳаддиаксарӣ кард. Дидгоҳи дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар арзёбии сиёсати Ғарб дар хусуси Теҳрон дар ҳамин чорчуб қарор дорад.