Беҳбудии ҳудуди 287 ҳазор бемори короноӣ дар Эрон
(last modified Mon, 10 Aug 2020 11:13:10 GMT )
Август 10, 2020 16:13 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 287 ҳазор бемори короноӣ дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз ду ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 ва беҳбудии ҳудуди 287 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; «Симо Содот Лорӣ» сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи душанбе эълом кард: дар 24 соати гузашта, ду ҳазору 132 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ шуданд. 
 Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар Эрон ба 328 ҳазор у 844 нафар расидааст афзуд: дар 24 соат гузашта, 189 нафар аз беморон Ковид- 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 18 ҳазору 616 нафар расидааст. 
 Ба гуфтаи сухангӯи вазорати беҳдошти Эрон, токунун 286 ҳазору 642 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд. 
 Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 20 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 735 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва дасти кам 12 миллиону 910 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.