Беҳбудии беш аз 290 ҳазор бемори коронаӣ дар Эрон
(last modified Wed, 12 Aug 2020 11:18:46 GMT )
Август 12, 2020 16:18 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 290 ҳазор бемори коронаӣ дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди 2 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба Ковид – 19 ва беҳбудии беш аз 290 ҳазор нафар дар ин кишвар хабар дод.

Дар 24 соати гузашта ду ҳазору 510 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуданд, ки бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 333 ҳазору 699 нафар расидааст.

Дар 24 соати гузашта 188 нафар аз беморони Ковид - 19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 18 ҳазору 988 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 290 ҳазору 244 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 20 миллиону 550 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 746 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд ва дастикам 13 миллиону 465 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.