Август 13, 2020 12:36 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти сафири Тоҷикистон дар Эрон ба муносибати даргузашти дуктур Қариб

Низомуддин Зоҳидӣ , сафири Тоҷикистон дар Эрон бо судури паёме даргузашти дуктур Бадралзамон Қариб , узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсиро таслият гуфт.

 

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ,Низомуддин Зоҳидӣ дар ин паём хитоб ба дуктур ҒуломалӣҲудод Одил раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии ҷумҳурии исломии Эрон , даргузашти хонуми Бадралзамон Қариб пажуҳишгари забонҳои бостониро мояи таъсири ҷомиаи илмии Тоҷикистон донист.

 

матни паёми дуктур Зоҳидӣ ба шарҳи зер аст.

 

Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун

 

 Ҷаноби оқои Ғуломалӣ Ҳудод Одил раёсати муҳтарами Фарҳангистони забон ва адаби форсии ҷумҳурии исломии Эрон

 

Бо арзи салом

Даргузашти пажуҳишгари барҷастаи забони суғдӣ , узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ , хонуми дуктур Бадралзамон Қариб муҷиби таасуф ва тааллуми сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Эрон гардид. Мусибати воридаи ҷомиаи илмии Тоҷикистонро низ андуҳгин намуда , зеро ном ва осори мондагори марҳума дар таҳқиқи забони суғдӣ дар Тоҷикистон маъруфияти тамом доштааст. Ба ин васила даргузашти бонуи фарҳехта , Бадралзамон Қарибро аз суи сафорати дӯстдорони мероси муштараки Тоҷикистон ва Эрон хидмати ҷаноби олӣ ва азои муҳтарами Фарҳангистон таслият арз менамоем ва аз даргоҳи Худованди муттаол барои он равоншод ғуфрон ва раҳмати васеӣ иллоҳӣ масалат дорам.

Низомуддин Зоҳидӣ сафири ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон.

Дуктур Бадралзамон Қариб устоди забонҳои бостонӣ ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ рӯзи сешанбе 28 июли 2020 дар сини 91 солагӣ чашм аз ҷаҳон фуру баст.

Фарҳанги забони суғдӣ ,тавалуди Будо ба ривояти суғдӣ , таърихчаи гуйишшиносӣ дар Эрон , мутолиоти суғдӣ , ва пажуҳишҳои эрони бостон ва миёна аз дигар осори ин забоншиноси барҷаста аст.