Зариф: Эрон омодаи бозсозии Лубнон аст
(last modified Fri, 14 Aug 2020 11:05:51 GMT )
Август 14, 2020 16:05 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон омодаи бозсозии Лубнон аст

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Эрон омодаи бозсозии Лубнон ва ироаи кӯмакҳои инсонӣ ба ин кишвар ва низ фароҳам кардани барқ аст.

 «Муҳаммадҷавод Зариф» вазир умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа бо «Шарбал Ваҳба»   вазири хориҷаи давлати пешбурди умури Лубнон дидор ва дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва зарурати ҳифз иттиҳоди миллии Лубнон барои убур аз мушкилоти кунунӣ гуфтугӯ кард. 
 
 Зариф пас аз дидор бо Шарбал Ваҳба гуфт: Эрон ҳамбастагии худро бори дигар дар ин шароити нигаронкунанда, ки фоҷиаи Бейрут ба вуҷуд овардааст, бо Лубнон эълом мекунад. 
 
 Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин, ки мардуми ва давлати Лубнон, салоҳияти иттихози тасмимоти сарнавиштсозро доранд афзуд, ҳамон тавр, ки Лубнон бар душмани саҳюнист пирӯз шуд, аз ин буҳрон низ пирӯзмандона берун хоҳад омад. 
 
 Зариф бо таъкид бар ин ки Эрон дар канори тасмимоти озодонаи мардуми Лубнон хоҳад истод тасреҳ кард, ҳеҷ тараф ихориҷӣ набояд аз фоҷиаи Лубнон сӯистифода кунад ва диктаҳои худро ба ин кишвар таҳмил кунад. 
 
 «Муҳаммадҷавод Зариф» вазири умури хориҷаи Эрон барои дидор бо мақомоти Лубнон шомгоҳи панҷшанбе вориди Бейрут шуд.