Август 15, 2020 10:21 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи Зариф ва Ҳания дар бораи тавофуқи Аморот ва режеми саҳюнистӣ

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) тавофуқи Амороти араби муттаҳидаро бо режеми саҳюнистӣ маҳкум карданд.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) тавофуқи Амороти араби муттаҳидаро бо режеми саҳюнистӣ маҳкум карданд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасним, Муҳаммадҷавод Зариф ҷумъашаб дар гуфтугӯ бо Исмоил Ҳания зимни маҳкум кардани тавофуқи Аморот ва режеми саҳюнистӣ барои оддисозии робитаҳо, таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора аз ормони миллати Фаластин ҳимоят мекунад.

 Ҳания низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо қадрдонӣ аз Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, давлат ва миллати Эрон барои ҳимоят аз ормони Фаластин гуфт: Миллати Фаластин ҳамвора роҳи муқовимат ва мубориза бо ишғолгариро идома медиҳад ва таҳти таъсири ин гуна иқдомоти хоинона қарор нахоҳад гирифт.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар идома гуфт:Бо дигар масъулон ва раҳбарони гурӯҳҳои фаластинӣ дар тамос аст, то дар ин замина мавзеъи муштарак бигиранд.

  Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе аз тавофуқи Аморот ва режеми саҳюнистӣ барои оддисозии комили равобит хабар дод.

Ин тавофуқ бо интиқодҳои густурда дар ҷаҳони ислом рубару шудааст.

 

Барчасп