Август 15, 2020 10:58 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти 70 шаҳрванди эронӣ аз Тоҷикистон

Сафири Эрон дар Тоҷикистон аз бозгашти 70 шаҳрванди эронӣ аз ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадтақии Собирӣ дар Твиттер навишт: Бо тамҳидот ва пайгириҳои ба амал омада, севумин гурӯҳ (70 тан) аз шаҳрвандони эронӣ, ки дархости бозгашт аз Тоҷикистон ба кишварамонро доштанд, асри панҷшанбе 13 август бо парвози фавқулъодаи ширкати ҳавопаймоии Вориш аз шаҳри Душанбе ба Эрон бозгаштанд.

Рӯзи панҷшанбе ҳамчунин 60 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Эрон ҳузур доштанд бо парвози ихтисосии Вориш аз Машҳад ба Душанбе парвоз карданд.

Бо баста шудани ағлаби марзҳои ҳавоӣ бар асари ҳамагирии вируси корона, бисёре аз давлатҳо бо парвозҳои ихтисосӣ шаҳрвандони худро ба кишварҳояшон мунтақил мекунанд.

 

Барчасп