Август 16, 2020 08:27 Asia/Dushanbe
  • Кинояи вазири умури хориҷаи Эрон ба мақомҳои амрикоӣ

Вазири умури хориҷаи Эрон мақомҳои амрикоиро ба дуздони дарёии Кариб ташбеҳ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи шанбе дар ҳисоби Твиттерии худ рафтори твиттерии бо ишора ба иддаои расонаҳои амрикоӣ дар бораи тавқифи нафткашҳои эронӣ навишт: "дуздони дарёии Кариб ҳоло барои худашон қозӣ ва додгоҳ доранд. Барояшон мутаассифам:. Маҳмулаи сухти ба сирқатрафта, киштӣ ва парчам ҳеҷ кадом барои Эрон нест.

Зариф афзуд: Таблиғоти сатҳи поин ва беарзиш, зеҳнҳоро аз шикасти муфтазиҳонаи дипломатик ва ғайриқонунии Амрико дар Созмони милали Муттаҳид мунҳариф намекунад.

Ҳамзамон бо шикасти қатъномаи зиддиэронии Амрико дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзномат Волстрит Журнал бо интишори матлабе муддаӣ шуд, Амрико чаҳор киштии ҳомили нефти Эронро тавқиф кардааст.

Ҳуҷҷат Султонӣ сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Венесуэлла дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер, ин идаоро дуруғи дигар аз дастгоҳи таблиғотии империализми Амрико тавсиф кард.

Ҳасан Руҳонӣ Раиси Ҷумҳури Эрон низ рӯзи шанбе таъкид кард, нафткаши мавриди иддаои Амрико эронӣ набудааст.