Август 16, 2020 11:10 Asia/Dushanbe
  • 26 мурдод: Солрӯзи бозгашти озодагон ба меҳани исломӣ

26 мурдоди 1369 (17августи 1990) миллати Эрон шоҳиди оғози бозгашти озодагони сарафрозе буд, ки пас аз солҳо асорат дар зиндонҳои режими Баъси Ироқ, қадам ба меҳан гузоштанд.

Бозгашти озодагон, ду ҳафта пас аз ишғоли низомии Кувейт тавассути артиши Садом ва ду рӯз пас аз он сурат гирифт, ки Садом дар номае ба Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раисиҷумҳури вақти Эрон бори дигар аҳдномаи 1975-и Алҷазираро пазируфт ва ба шароити Эрон барои поёни ҷанг таслим шуд.

Миллати Эрон тайи ҳашт соли ҷанги таҳмилӣ дар сафҳои якпорча ва муттаҳид дар муқобили таҷовузи душман истод ва бузургтарин ҳамосаҳо, рашодатҳо, ҷонибозиҳо ва исоргариҳоро рақам зад. Дар ин даврон ҳамосаи бузурге дар ҷабҳаҳои масоф бо душман шакл гирифт. Дар даврони ҳаштсолаи ҷанги таҳмилӣ, рӯҳияи ҳамбастагӣ ва ғурури миллӣ, ба размндагон ва асирон ангеза дод то бо шуҷоат ва қудрат муқобили душман боистанд ва аз ҳеҷ қудрате наҳаросанд.

Имрӯз низ 41-солагии Инқилоби Исломӣ дар ҳоле сипарӣ мешавад, ки миллати Эрон дар мувоҷиҳа бо истикбор аз иқтидор ва эътимод ба нафси болое бархурдор аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар баёноте, даврони дифои муқаддасро мояи обрӯ барои миллати Эрон дониста ва таъкид карданд:"... Бо вуҷуди онки ҳазинаҳои модӣ ва маънавии ҷанги таҳмилӣ боло буд, аммо дастовардҳои миллати Эрон дар ҳашт соли дифои муқаддас, муқобили ҳазинаҳо, бисёр азим аст.... Таҷрубаи ҳаштсоли дифои муқаддас нишон дод, ки бо вуҷуди ҳамаи тангноҳо ва фишорҳо ва набуди эътибороти молӣ ва мушкилоти фаровон, метавон, муқобили зӯргӯӣ ва таваққуоти беҷои қудратҳои ҷаҳонӣ истод...ба воситаи истодагии миллати Эрон дар ҳашт соли дифои муқаддас, бисёре аз шахсиятҳои асаргузор ва зеҳнҳои фаъол дар кишварҳои исломӣ ва ғайросломӣ, ба дифои муқтадирона бо дасти холӣ, эътиқоди росих пайдо карданд."

Даврони ҷанги таҳмилӣ аз ин дидгоҳ захирае арзишманд аз рӯзҳое аст, ки ба намоди муқовимат ва пирӯзӣ бар душман табдил шуд. Аз инрӯ аст, ки ҳамосаҳои бузург ва ғурурофарини даврони дифои муқаддас, сабр ва таҳаммули озодагон фасле мондагор аз пойдорӣ ва истиқомати миллати бузург дар муқобили душманон аст.

Таҷрубаи даврони ҷанг нишон дод, шарти расидан ба истиқлол ва иззат ва каромат, истодагии ҳамроҳ бо сабр ва таҳамул аст, зеро бо такя бар муқовимат метавон дар баробари сахтиҳо ба пирӯзӣ расид. Осор ва натоиҷи муқовимат имрӯз дар ҳамаи арсаҳои набард бо душманон қобил мушоҳида аст. Дар воқеъ истеъдодҳои ботинӣ ва халлоқиятҳо дар сахтиҳо буруз мекунад ва рушд меёбад. Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеиятҳост, ки метавон гуфт, муқовимат дар ҷабҳаҳои набард ва сабр ва таҳаммул дар даврони сахти асорат ду унсури муҳимм ва калидӣ дар таҳаққуқи пирӯзиҳои даврони дифои муқаддас буд.

Масъуди Ризоӣ, муҳаққақ ва нависанда, пирӯзии миллати Эронро бархоста аз рӯҳияи муқовимат медонад ва мегӯяд: таҷрубаи муқовимати ба мардуми Эрон нишон дод, ки сабр ва муқовимат дар сахтиҳо, талош дар роҳи Худо ва умед ба пирӯзӣ дар муқобили душман, омили таъйинкунанда дар пешбурди аҳдофи инқилобӣ ва баланди мардумӣ аст.

Аз ин дидгоҳ, Солрӯзи бозгашти озодагон ёдовари ҳамосае аст, ки на фақат барои замони ҳол, балки барои наслҳои оянда низ ҳовии арзишҳои мондагор аст.