Паёми тасаллиятҳои шахсиятҳои фарҳангии Эрон ба муносибати даргузашти Гулназар Келдӣ
Ду шахсияти фарҳангии Эрон дар паёме даргузашти шоири номии тоҷик Гулназар Келдиро тасаллият гуфтанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси ҷамъияти дӯстии Эрон ва Тоҷикистон Алӣ Ашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ ва мудири муассисаи Хирадсарои Фирдавсӣ Муҳаммадҷаъфар Ёҳақӣ дар паёмҳои ҷудогона даргузашти Гулназар Келди шоири номии тоҷик ва муаллифи суруди миллии ин кишварро тассалият гуфтанд.
Дар паёми раиси ҷамъияти дӯстии Эрон ва Тоҷикистон омадааст: "Бо ниҳояти таассуф ва андӯҳ даргузашти ҷаноби Гулназар Келдӣ, шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарояндаи суруди миллии он кишварро хидмати шумо, аъзои мӯҳтарами иттифоқи нависандагон, хонадони он марҳум ва зиёиён ва аҳли фарҳанг ва адаби ва мардуми шарифи Тоҷикистон тассалият гуфта ва барои ҳамагии азизон сабр ва таҳаммули ин мусибатро орзу менамоям.
Руҳаш шод, ёдаш гиромӣ бод."
Доктор Муҳаммадҷаъфар Ёҳақӣ мудири муассисаи Хирадсарои Фирдавсӣ низ дар паёми худ ба ин муносибат навиштааст: Гулназар Келдӣ, шоири мардумии Тоҷикистон ҳам дар тороҷи беамони корона аз миёни мо рафт. Гулназар шоири тавоно ва дӯстдори мардум ва алоқаманд ба фарҳанг муштараки ниёгон буд.
Суруди миллии Тоҷикистон асари табъи офаринишгари ӯст.
Муассисаи Хирадсарои Фирдавсӣ даргузашти ин шоири хушандеш ва ҳунарварро ба хонаводаи шеъру адаб ва миллати сарфароз ва дӯстдори адаб ва фарҳанги Тоҷикистон сӯгбод мегӯяд.