Иттиҳомсозии Амрико алайҳи Эрон ; фароафканӣ бо ҳадафи тавҷияи мудохилаҳои Амрико дар минтақа
Сайид Хатибзода сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе бо ради иттиҳомҳои беасоси вазири хориҷаи Амрико зидди Эрон дар хусуси ирсоли силоҳ барои толибон гуфт ;ончи имрӯз дар Афғонистон мегузарад натиҷаи ҷангафзорӣ ва мудохилаҳои Амрико дар умури Афғонистон аст.
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон тасриҳ кард ; иттиҳомоти ворида аз суи вазири хориҷаи Амрико , навъе фароафканӣ ва талош барои инҳирофи афкори умумии мардуми Афғонистон аз кумакҳои Вашингтон ба ДИИШ аст.
Иттиҳомҳои беасосе ба Ҷумҳурии исломии Эрон ,ки дар мубориза бо гуруҳҳои терорристӣ ҳазинаи сангине пардохта то хатари тероррисмро аз минтақа дур созад , танзи талхи сиёсӣ аст. Ин иттиҳом аз суи кишваре матраҳ мешавад ,ки солҳост аз режимҳое ҳамчун Исроил ва Арабистон ,ки манбаи тероррисзм ва ифротигарӣ дар минтақа ҳастанд ҳимоят кардааст.
Албатта бархе дар садади барҳам задани шароити минтақа ва эҷоди нифоқ байни Эрон ва Афғонистон ҳастанд. Ин дар ҳоле аст ,ки Эрон таи солҳои ахир иқдомҳои дипламатии бисёр хуберо шуру кард то ваҳдати миллӣ ва давлати фарогир дар Афғонистон шакл бигирад. Мавзеъгириҳои тувам бо иттиҳомзаниҳо ба Эрон нишонаи сардаргумиҳое аст ,ки Амрико на фақат дар Афғонистон балки дар минтақа бо он муваҷаҳ аст. Амрико 19 сол аст ,ки дар Афғонистон муртакиби ҷурмҳои мухталифи ҷангӣ шудааст. Возеҳ аст ,ки сиёсати Амрико фароафканӣ аст.Ҷумҳурии исломии Эрон ; мо бино ба далелҳои мутаадад аз барқарории субот ; сулҳ ва оромиш дар Афғонистон ҳимоят мекунад. Аз ҷумла ин далилҳои ҳамсоягӣ ; амнияти муштарак ва робитаҳо ва алоқаҳои динӣ ва фарҳангӣ аст.
Амрико дар эҷоди гуруҳи Алқоида ва ҳимоят аз гуруҳи манфури ДИИШ нақши мустақим доштааст ва дар чанд соли ахир талош кард заминаи интиқоли бақоёи ДИИШро аз Ироқ ва Сурия ба Афғонистон фароҳам кунад. Бо таваҷуҳ ба ин собиқа метавон ба ин ҷмбанди расид ,ки Амрико бо таваҷуҳ ба се далели мушахас ; Эронро ба ноамн кардани минтақа мутаҳам кунад.
Далиди нахуст ; нигаронӣ аз таъсиргузор будани нақши Эрон бар тақвияти ҷабҳаи Муқовимат алайҳи истикбор ва шикаст тарҳҳои мудохилаҷуёнаи Амрико бавижа дар Афғонистон.
Далели дуввум ; манофеи роҳбурдии Амрико дар ҷараёни тазифи робитаҳои дӯстонаи Эрон бо кишварҳои ҳамсоя ва эҷоди бе эътимодӣ дар минтақа аст.
Далили севвум ; ба ҳошия бурдани талошҳои дипламатии Эрон дар Афғонистон аст.
ворунасози нақши минтақаии Эрон ; ба вижа бад аз шикасти пружаи тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон дар Шурои Амният ; нишон медиҳад ,ки Амрико сайъ дорад бо фароафкани ; мавқеияти ба шиддат тазифшудаи худро дар арсаи минтақаӣ ва байналмилаллӣ бозсозӣ кунанд. Мутаҳам кардани Эрон ба ирсоли силоҳ ба Афғонистон низ дар ҳамин росто сурат мегирад.
Ҳамонгуна ,ки дар изҳороти сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон тасриҳ шудааст ; Амрико ҳануз прсухе ба хостаҳои афкори умумӣ дар мавриди ҳувияти болгардҳое ,ки барои кумак ба ДИИШ дар ҳаримҳои таҳти пушиши Созмони Паймони Атлантикаи шимолӣ (НАТТО ) дар Афғонистон ба парвоз дар меоянд , надодааст . Мақомҳои Амрико дар пушиши сиёсати ба истилоҳ мубориза бо терорризм мудом дар ҳоли таҳрифи воқеиятҳо ҳастанд ва бо изҳороти ғайривоқеӣ мекушанд тасвире мусбат аз нақши худ дар минтақа тарсим кунанд ; дар ҳоле ,ки моҳияти воқеии нақши Амрико , тавлиди ҷанг ва ноамнӣ ва терорризм ва Алқоида ва ДИИШ будааст. Афғонистон низ аз ин сиёсати Амрико мустасно нест.