Теъдоди беҳбудёфтагон аз КОВИД-19 дар Эрон аз 300 ҳазор нафар гузашт
(last modified Tue, 18 Aug 2020 11:40:09 GMT )
Август 18, 2020 16:40 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди беҳбудёфтагон аз КОВИД-19 дар Эрон аз 300 ҳазор нафар гузашт

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбуди ҳудуди 301 ҳазор бемори КОВИД-19 дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори беморони КОВИД-19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 385 бемори ҷадиди КОВИД- 19 дар Эрон шиносоӣ шуданд, ки як ҳазору 66 нафари онон бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд.

Лорӣ гуфт: Маҷмӯъи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 347 ҳазору 835 нафар расидааст, ки аз ин теъдод хушбахтона 300 ҳазору 881 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Вай афзуд: Дар 24 соати гузашта 168 нафар аз беморони КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯъи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 19 ҳазору 972 нафар расидааст.

Теъдоди беморони КОВИД-19 дар ҷаҳон низ ба беш аз 22 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  камаш 778 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 14 миллиону 810 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.