Август 23, 2020 20:56 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Русия бар тавсеаи ҳамкориҳои дифоӣ ва амниятӣ

Вазирони дифои Эрон ва Русия дар ҳошияи шашумин намоишгоҳи байналмиллалии низомӣ-фаннии Маскав дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, артишбуд Шайго- вазири дифои Русия рӯзи якшанбе дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз севвумин ҳузури ҳамтои эрониаш дар Русия гуфт: Эрон ва Русия ҳадафҳо ва манофеи муштараке дар арсаи муодилаҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ доранд.

Шайго бар зарурати идома ёфтани ҳамкориҳои минтақаӣ барои эҷоди сулҳу субот дар минтақа таъкид кард.

Вазири дифои Эрон низ дар ин дидор аз мавзеъҳои мусбат ва созандаи давлати Русия дар мухолифат бо қатъномаи зидди эронии ахири Амрико қадрдонӣ кард ва гуфт: Дидорҳо ва машваратҳои ду кишвар дар сатҳи олӣ ба таври мураттаб ва ризоятбахше идома дорад.

Амир сартип Амири Ҳотамӣ афзуд: Эрон ва Русия дар солҳои ахир талоши муштарк ва ҳадафмандеро барои муқобила бо якҷонибагароӣ ва сиёсатҳои зӯргӯёнаи Амрико ва давлати Трамп дар минтақа оғоз кардаанд.

Амир сартиб Ҳотамӣ вокуниши воқеъгароёнаи Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар радди қатъномаи зидди эронии ахири Амрико, ки ҳадафаш тамдиди мамнуъиятҳои таслиҳотии Эрон буд ва низ посухи манфии кишварҳои узви тавофуқи ҳастаӣ ба дархости Амрико барои бозгардондани таҳримҳои Созмони Миллали Муттаҳид зидди Эронро шикасти бузурге барои Амрико ва муттаҳидони минтақаияш донист.

Барчасп