Август 29, 2020 18:15 Asia/Dushanbe
  • Идомаи раванди коҳиши қурбониёни корона дар Эрон

Шумори ҷонбохтагони бемории корона дар Эрон дар 24 соати гузашта бо 110 тан афзоиш ба 21 ҳазору 359 нафар расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон , баррасии оморҳои рӯзонаи Вазорати беҳдошт , дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон нишон медиҳад теъдоди қурбониёни ин беморӣ дар ин кишвар ҳар рӯз камтар аз рӯзи қабл аст ва шохиси талафоти корона дар Эрон раванди  коҳиширо дар пеш гирифтааст .
Тн дар ҳолест, ки шумори беҳбудёфтагони бемории корона дар Эрон ба ҳудуди 320 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст .
Дар 24 соати гузашта , ҳазору 905 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуданд .
Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон низ токунун 371 ҳазору 816 нафар эълом шуда аст .

Барчасп