Нахустин маҳмулаи кӯмакҳои Эрон ба селзадагони Чорикор расид
(last modified 2020-09-02T05:30:36+00:00 )
Сентябр 02, 2020 10:30 Asia/Dushanbe

Эрон нахустин кишварест, ки ба дархости кӯмаки мардуми селзадаи мардуми Афғонистон посух дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои  Эрон , кӯмакҳои некӯкорони Эронӣ рӯзи сешанбе ба мардуми селзадаи шаҳри Чорикори маркази вилояти Парвони Афғонистон таҳвил дода шуд .
Ин кӯмакҳо шомили шаш комюни маводи хӯрокӣ ва беҳдоштӣ буд, ки аз Кобул ба шаҳри Чорикор мунтақил ва барои тавзеъ  миёни хонаводаҳои осебдида аз сел , ба масъулони идораи ҳаводиси Парвон таҳвил дода шуд .
Фазлиддини Айёрӣ волии Парвон гуфт : кӯмакҳои хайирони эронӣ нахустин кӯмакҳои хориҷӣ аст, ки ба мардуми селзадаи Чорикор мерасад .
Вай бо қадрдонӣ аз ин кумакҳо гуфт : Ҷумҳурии Исломии Эрон  кишвари дӯст , бародар ва ҳамсояи Афғонистон аст, ки ҳамвора дар рӯзҳои талху ширини мардуми ин кишвар  ҳамроҳи мардуми Афғонистон будааст .
Волии Парвон  теъдоди куштаҳои сели Чорикорро 142 нафар эълом карду гуфт : ҷустуҷӯ барои ёфтани теъдоде аз аҷсод  ҳамчунон идома дорад .
 Дар маҷмӯ дар селҳои рӯзҳои ахири Афғонистон токунун 190 нафар  ҷон  бохтаанд .

Барчасп