Октябр 09, 2016 13:43 Asia/Dushanbe
  • Азодории Солори шаҳидон (ъ) бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб

Азодории Солори шаҳидон ҳазрати Або Абдуллоҳи Ҳусайн (ъ) ва ёрони бовфои эшон, шаби гузашта бо ҳузури Раҳбари инқилоб дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар ин маросим, ки ҳазорон нафар аз гурӯҳҳои мухталифи мардум ва ҷамъе аз масъулони низоми Ҷумҳурии Исломи Эрон ҳузур доштанд, ҳуҷатулислом валмуслимин Саид Аҳмади Хотамӣ, фидокорӣ ва исорро муҳиммтарин унсури қиёми таърихсози Карбало хонд ва гуфт, ҳазрати Сайидулшуҳадо (ъ) аз ҳамаи ҳастии худ барои иззати дин гузашт.

Вай бо баёни ин ки имом Ҳусайн (ъ) ба мо ёд дод, ки дар арсаи фидокории барои дини Худо ҳеҷ марзе вуҷуд надорад афзуд, имрӯз, ки бо инояти ҳазрати Сайидулшуҳадо (ъ) ва фарҳанги Ошӯро парчами ҳокимияти дин дар кишвари Эрон баланд аст, бояд ҳама талош кунем, то ин парчам дар эҳтизоз бимонд.

Марсияхонӣ ва навҳасароӣ дар азои ҳазрати имом Ҳусайн (ъ) аз дигар барномаҳои ин маросим буд.

Азодории ҳазрати Сайидулшуҳадо (ъ) бо ҳузури Раҳбари инқилоб дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) то панҷшанбеи ин ҳафта, идома дорад.