Сентябр 03, 2020 10:46 Asia/Dushanbe
  • Дастаҳои миллии футболи Эрон ва Тоҷикистон мусобиқа медиҳанд

Дастаи миллии футболи Эрон бо дастаи Тоҷикистон як дидори тадорукотӣ баргузор мекунад.

Ба гузориши Садои Хуросон, музокироти аввалия миёни федератсияи футболи Ҷумҳурии исломии Эрон бо федератсияи футболи Тоҷикистон барои баргузории як дидори дӯстона миёни даста(тим)ҳои миллии ду кишвар дар рӯзи душанбе 12 октябр дар варзишгоҳи “Озодӣ” и Теҳрон анҷом гирифтааст.

Ҳамчунин замони нави дидори дӯстонаи тими миллии Эрон ва Узбакистон мушаххас шуд.

 Миллипӯшони Эрон рӯзи панҷшанбе ҳаштуми октябр дар як дидори дӯстона дар Тошканд ба масофи тими миллии Узбакистон хоҳанд рафт.

 Ин дидор дар варзишгоҳи тими “Бунёдкор” баргузор хоҳад шуд.

 Пеш аз ин қарор буд бозии ду тим рӯзи ҳафтуми сентябр баргузор шавад, ки бино бар тавсияи ФИФА ва низ ба далели лағви бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ дар соли 2020, ин дидор ба моҳи оянда афтод.

 

Барчасп