Сентябр 06, 2020 13:25 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири дифои Ҳинд ба Теҳрон: тақвияти ҳамкории муштараки низомӣ

Тақвияти ҳамкориҳои дифоӣ, низомӣ ва роҳбурдӣ аст, ки метавонад дар канори тавсеаи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ манофеи муштараки ду ва чандҷонибаро ба ҳамроҳ дошта бошад ва бар умқи стратегияи ҳамкориҳои минтақаӣ биафзояд.

Сафарҳо ва ройзаниҳои мақомоти олирутбаи низомии Эрон ва кишварҳои дӯст дар минтақа дар ҳамин чорчӯб ҳоизи аҳаммият аст.

Дар ҳамин росто Rajnath Singh, вазири дифои Ҳинд имрӯз якшанбе (5 сентябр), дар Теҳрон бо генерал Амир Ҳотамӣ, вазири дифои Эрон дидор ва дар бораи мавзӯоти минтақаӣ, дуҷониба ва байналмилалӣ табодул назар кард.

Тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ва дифоӣ, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, муқобила бо таҳдидоти муштарак ва баргузории размоишҳои муштарак аз аҳдофе аст, ки дар ин сафарҳо думбол мешавад.

Тавсеаи ҳамкориҳои дифоӣ аз аҳдофи доктаринаи низомии Эрон дар ҷиҳати барқарории сулҳ ва амният дар минтақа аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин росто размоишҳои муштарак дар дарёи Уммон ва Уқёнуси Ҳинд баргузор кардааст. Размоиши муштараки имдодии кишварҳои ҳошияи Уқёнуси Ҳинд, ҳамчунин размоиши мураккаби дарёии Эрон, Русия ва Чин аз ҷумлаи ин размоишҳо будааст.

Пешниҳодҳое низ аз ҷониби Эрон ба манзури густариши ҳамкории низомӣ дар заминаҳои илмӣ - омӯзишӣ, табодули таҷрубаҳо ва иттилоот дар робита бо муқобила бо терроризм, дуздии дарёӣ ва имдод ва наҷот дар обҳои минтақа ба мақомоти низомии Ҳинд ироа шуда, ки мавриди истиқбол қарор гирифтааст.

Ин сатҳ аз ҳамкориҳоро метавон ибтикоре дар ҷиҳати тавсеаи равобити ду ё чандҷониба барои иртиқои амният ва суботи минтақа донист. Аз ин дидгоҳ, сафари вазири дифои Ҳинд ба Теҳрон аз се манзари геостратегӣ, геополотикӣ ва геооиқтисодӣ ҳоизи аҳамият аст. Асоси равобити Эрон ва Ҳинд бар пояи ҳамкории ду ва чандҷониба дар ҳавзаҳои энержӣ, тиҷорат ва транзити коло мутамаркиз аст.

Эрон ва Ҳинд ҳамчунин ба ҳамроҳи Афғонистон паймони сеҷонбаеро барои баҳрабардорӣ аз бандари Чобаҳор имзо кардаанд. Ин сатҳ аз равобит нишон медиҳад таомули Ҳинд бо Эрон ба унвони пули иртиботии Осиёи Марказӣ бо кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва минтақаи Қафқоз аҳаммияти роҳбурдӣ дорад. Ба иборати дигар метавон гуфт, равобити Теҳрон ва Деҳлии Нав, аҳамияти чандманзураӣ дорад, ки бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои дифоии ду кишвар, қобилияти тавсеа ва ҳамафзоӣ дар сатҳи минтақаро дорад.

Пойгоҳи таҳлилии «Дипломатияи муосир» дар ин бора менависад, динамики минтақаӣ дар ҳоли тағйир аст ва ба думболи он, равобити Эрон ва Ҳинд низ аз аҳаммияти бештаре нисбат ба даҳаҳои гузашта бархӯрдор шудааст. Ҳамкории Эрон ва Ҳинд дар воқеъ барои ҳифз ва иртиқои манофеи муштараки ду кишвар ҳаётӣ аст.

Эрон алоқаманд ба тавсеаи равобити амниятӣ ва ҳамкории муштараки низомӣ бо ҳамаи кишварҳои дӯст ва мустақил дар минтақа аст ва дар ин замина пешниҳоди ҳамкории минтақаӣ барои ҳифзи сулҳ ва амният дар тангаи Ҳурмуз ва дарёи Уммонро ироа кардааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин муаллафаҳо, сафари вазири дифои Ҳинд ба Теҳрон ва музокироти вай бо вазири дифои Эрон гоми тозае аст, ки дар шаклгирии сатҳи олитаре аз ҳамкориҳои ду кишвар таъсиргузор аст ва метавонад ба тавсеаи равобит бар асоси манофеи муштарак дар ҳавзаҳои низомӣ ва амниятӣ мунҷар шавад.