Сентябр 09, 2020 17:49 Asia/Dushanbe
  • Табрики муовини аввали раисҷумҳури Эрон ба давлат ва миллати Тоҷикистон

Муовини аввали раисҷумҳури Эрон дар паёме ба Қоҳир Расулзода, нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расидани солрӯзи истиқлоли ин кишварро табрик гуфт.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии муовини аввали раисҷумҳури Эрон, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ дар паёми худ ибрози умедворӣ кард, дар партави ҳусни тафоҳум ва мусоидати муштарак, гомҳои муассири бештаре дар тавсеа ва таҳкими равобит ба манзури коҳиши таъсироти буҳрони ҷаҳонии вируси корона бар равобити ду кишвари дӯст ва бародар бардошта шавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ рӯзи сешанбе дар паёме ба Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ, фаро расидани рӯзи истиқлолро ба давлат ва миллати Тоҷикистон табрик гуфт.

Рӯҳонӣ дар паёми табрикии худ таъкид кард, дар шароити кунунии ҳосил аз буҳрони ҷаҳонии вируси корона зарурӣ аст масъулони Эрон ва Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкориҳо дар ҷиҳати рафъи мушкилоти иқтисодии минтақа ва интиқоли таҷрибаҳо дар заминаи муқобила бо ин беморӣ, талош ва таомули бештаре бо якдигар дошта бошанд.

Тоҷикистон рӯзи 9 сентябри 1991 истиқлоли худро аз Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ эълом кард.

 

Барчасп