Сентябр 12, 2020 11:59 Asia/Dushanbe
  • Эрон барқарории равобити дипломатик байни Баҳрайн ва режими саҳюнистиро маҳкум кард

Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани эъломи барқарории равобити дипломатик байни Манома ва Тел-Авив, онро иқдоме нангин ва хиффатбор аз сӯи Баҳрайн донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар баёнияе эълом кард: Давлати Баҳрайн дар хатое бунёдин ба ҷои касби машрӯъият аз мардуми худ, бо пушт кардан ба онон ва бо иқдоме хиффатбор ба домани режими ишғолгари Қудс паноҳ оварда ва ормони Фаластини шарифро қурбонии интихоботи дохилии Амрико кардааст.

Ин баёния меафзояд: Ҳокимони Баҳрайн аз ин пас шарики ҷиноёти режими саҳюнистӣ ба унвони манбаъи таҳдиди доимии амният дар минтақа ва ҷаҳони ислом ва решаи даҳаҳо хушунат, куштор, ҷанг, террор ва хунрезӣ дар Фаластин ва минтақа хоҳанд буд.

Дар идомаи баёнияи Вазорати умури хориҷаи Эрон омадааст: Бидуни тардид мардуми мазлум ва ҳақталаби Фаластин ва мусулмонони озодаи ҷаҳон ҳаргиз оддисозии равобит бо режими ғосиб ва ёғии Исроилро нахоҳанд пазируфт ва ин иқдоми нангин дар ҳофизаи таърихи миллати мазлум ва ситамдидаи Фаластин ва миллатҳои озодаи ҷаҳон то абад боқӣ хоҳад монд.

Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ҳушдор ба ҳаргуна эҷоди ноамнии режими саҳюнистӣ дар минтақаи Халиҷи Форс таъкид кард: Масъулияти тамомии авоқиби ин иртибот, мутаваҷҷеҳи давлати Баҳрайн ва дигар давлатҳои ҳамроҳ аст.

Дар ҳоле, ки ҳанӯз як моҳ аз эъломи тавофуқи оддисозии равобит байни режими саҳюнистӣ ва Аморот нагузаштааст, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ёздаҳуми сентябр аз оддисозии равобит байни Баҳрайн ва режими саҳюнистӣ хабар дод.

 

Барчасп