Эрон: Хуруҷи неруҳои хориҷӣ пешниёзи сулҳ дар Афғонистон аст
(last modified Sat, 12 Sep 2020 09:32:45 GMT )
Сентябр 12, 2020 14:32 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Хуруҷи неруҳои хориҷӣ пешниёзи сулҳ дар Афғонистон аст

Вазорти умури хориҷаи Эрон бо истиқбол аз шурӯъи гуфтугӯҳо байни давлати Афғонистон, гурӯҳҳои сиёсӣ ва Толибон, идомаи ҳузури неруҳои хориҷиро аз иллатҳои аслии тадовуми ҷанг дар ин кишвар унвон кард.

Музокироти сулҳи Афғонистон байни давлат, гурӯҳҳои сиёсӣ ва Толибон имрӯз (шанбе) дар Доҳа пойтахти Қатар оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе бо судури баёнияе эълом кард: Тамомии масоил ва муъзалот дар Афғонистон аз тариқи гуфтугӯ ва музокира қобили ҳал ҳастанд ва хурӯҷи масъулонаи неруҳои хориҷӣ, пешниёзи ғайри қобили иҷтиноб барои расидан ба сулҳ ва амният дар ин кишвар аст.

Ин баёния меафзояд: Эрон умедвор аст давлат, гурӯҳҳои сиёсӣ ва Толибон битавонанд бо ҳифзи дастовардҳои арзишманди мардуми Афғонистон аз ҷумла қонуни асосӣ, сохторҳои мардумсолорона, мушорикати сиёсии фарогир, ҳуқуқ ва каромати занон ва ҳуқуқи ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ ба тавофуқе пойдор даст ёбанд, ки мутазаммини сулҳ, оромиш, рифоҳ ва саодатмандии мардуми Афғонистон бошад ва ба навбаи худ боис шавад муҳоҷирони афғон ба кишвари худ бозгарданд ва саҳми худро дар бозсозӣ, рушд ва тараққии Афғонистон ифо кунанд.

Дар ин баёния ибрози умедворӣ шудааст: Гуфтугуҳо бидуни мудохилаи хориҷӣ ва дар як тафоҳуми ҷомеъ миёни афғонҳо ба натоиҷи матлуби худ барои истиқрори сулҳ ва суботи доимӣ дар Афғонистон ва амният дар минтақа мунҷар шавад.

Вазорати умури хориҷаи Эрон бо эъломи омодагии муҷаддад барои кумак ба пешбурди раванди сулҳ дар Афғонистон, ҳар гуна фурсатталабии сиёсӣ ва судҷӯии косибкорона ба вижа истифодаи давлати Амрико барои баҳрабардориҳои интихоботӣ аз гуфтугуҳои байнулафғонро маҳкум карда ва онро сабаби ихлол дар ин гуфтугуҳо донистааст.