Сентябр 14, 2020 15:36 Asia/Dushanbe
  • Нишасти шеърхонии

Ба муносибати рӯзи шеъру адаби форсӣ нишасти шеърхонии Ҷоми ҷаҳонбин" бо ҳузур ва шеърхонии шоирони эронӣ, афғонӣ ва тоҷикистонӣ дар Теҳрон баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр, дар остонаи 17 сентябр рӯзи шеъру адаби орсӣ, нишасти тахассусии шеъру адаби форсӣ дар Эрон ва ҷаҳон бо унвони "Ҷоми ҷаҳонбин" фардо сешанбе 25 шаҳривар (15 сентябр) бо шеърхонии шоирони афғонистонӣ ва тоҷикистонӣ дар сарои аҳли қалами муассисаи хонаи китоб ва адабиёти Эрон дар Теҳрон баргузор мешавад.

Дар ин нишаст, ки ба баррасии шеъру адаби форсӣ дар се кишвар Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ихтисос дорад, Иброҳим Худоёр раиси анҷумани нақди адабии Эрон ва Носир Файз, шоир ва танзпардози эронӣ суханронӣ хоҳанд кард.

Шеърхонии Муҳаммадкозим Козимӣ шоир ва пажуҳишгари афғонистонӣ ва Фирдавси Аъзам шоири тоҷик аз дигар барномаҳои нишасти шеъру адаби форсӣ дар Эрон ва ҷаҳон аст.

Ин барнома фардо сешанбе 25 шаҳривар аз соати 11 дар сарои аҳли қалам баргузор ва ба таври зинда аз ҳисоби корбарии инстаграмм муассисаи хонаи китоб ва адабиёти Эрон  ба нишонии @khaneyeketab пахш мешавад.