Номаи вазири хориҷаи Эрон ба дабири кулли Созмони милал дар бораи ҷиноёти Арабистон
(last modified 2016-10-10T07:48:34+00:00 )
Октябр 10, 2016 12:48 Asia/Dushanbe
  • Номаи вазири хориҷаи Эрон ба дабири кулли Созмони милал дар бораи ҷиноёти Арабистон

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хорҷаи Эрон бо ирсоли номае ба дабири кулли Созмони милал ҳамлаи ҳавоии мутаҷовизони Саудӣ ба Санъо, пойтахти Яманро башиддат маҳкум кард.

Ба иттилои Ирно, вазири хориҷаи Эрон дар ин нома бо ибрози хашм ва инзиҷори шадиди давлати Эрон нисбат ба ҳамлаи ҳавоии даҳшатнок ва фоҷеабори ҳавопаймоҳои Арабистони Саудӣ дар ҳаштуми сентябр ба маҳалли гирдиҳамоии мардум барои маросими хатм дар Санъо тасреҳ кардааст: Ин ҳамлаи маҳиб ва шарирона бори дигар беэътиноии комили мутаҷовизон алайҳ мардуми Яманро ба ҳаёти инсонҳо нишон дод.

Зариф таъкид кардааст: Ин ҳамла намунаи дигаре аз ҳазорон мавриди мушобеҳ аст, ки дар яксолу ними гузашта мунҷар ба қатл ва ё нақси узви доими ҳазорон яманӣ аз ҷумла занон ва кӯдакон ва оворагии беш аз се миллион нафар шудааст ва Яманро аз вазъияти кишваре маҳрум ба остонаи вайронӣ кашондааст.

Вазири хориҷаи Эрон дар идомаи ин нома афзудааст: Бар асоси омори аввалияи эъломшуда аз сӯи ҳамоҳангкунандаи умури инсондӯстонаи Созмони милали муттаҳид, теъдод кушташудагон ва маҷруҳон дар ин ҳамла беш аз 640 нафар баровард шудааст.

Ба гуфтаи Зариф, на танҳо Арабистони Саудӣ балки онҳо, ки аз таҷовузи эътилофи ба раҳбарии Саудӣ алайҳи мардуми Яман ҳимоят кардаанд, масъули ҷиноёти ҷангии сурат гирифта дар Яман ҳастанд. Вазири хориҷаи Эрон дар поён омодагии Ҳилоли Аҳмари ҷумҳурии исломии Эронро барои ирсоли кумакҳои инсондӯстонаи дармоӣ ба мардуми Яман ва кумак ба интиқоли маҷруҳон ба бемористонҳои Эрон эълом кард ва аз дабири кулли Созмони милал хост, то тартиботи лозим барои эъзоми як ҳавопаймои ҳомили кумакҳои инсондӯстона аз Эрон ба Санъоро фароҳам овард.

Ғуломалии Хушру, сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмонм милал, аз дабири кулли ин созмон хост, ки номаи Муҳаммадҷаводи Зариф баунвони санади Шӯрои амният сабт ва мунташир шавад.